Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари президенти нави Қирғизистон - сафир дар Украина


Жусупбек Шарипов - бародари президенти мунтахаби Қирғизистон
Жусупбек Шарипов - бародари президенти мунтахаби Қирғизистон

Кумитаи байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон номзадии Жусупбек Шарипов (Юсуфбек Шарипов)-ро ба мақоми сафири ин кишвар дар Украина тасдиқ кард.

Муовини раиси кумита, вакили порлумон Канибек Имоналиев гуфт, ки ин масъала дар ҷаласаи рӯзи 14-уми ноябр баррасӣ шуд.

Тибқи қонун, номзадҳоро ба мақоми сафирӣ президент пешниҳод мекунад. Дар сурати посухи мусбати порлумон, президент фармони таъйини сафирро содир менамояд.

Жусупбек Шарипов дар ҳоли ҳозир сафири Қирғизистон дар кишварҳои арабист. Шарипов бародари президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков аст.

XS
SM
MD
LG