Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи буҷети 2018 афзоиши маошу нафақаро пешбинӣ мекунад


Вакилони Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон - рӯзи 15-уми ноябр тарҳи буҷети соли 2018-ро баррасӣ хоҳанд кард. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаҷми буҷет барои соли оянда 21 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба қавли Усмонзода, аз ду ҳафтаи пеш вакилон бо раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Вазорати молия, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз баҳсу баррасиро шурӯъ карда буданд.

Чунин ба назар мерасид, ки маблағи буҷет барои бароварда сохтани ҳамаи ҳадафҳои давлатӣ кифоят намекунад ва ба ин далел, миёни вакилон ва мақомот баҳсҳои тунде ҷараён дошт. Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, “танҳо метавонам хабар диҳам, ки соли оянда афзоиши маоши кормандони буҷавӣ ва индексатсияи нархҳо, пешбинӣ шудааст”. Ӯ изҳори умед кард, ки баҳсҳо бар сари буҷет дар иҷлосияи навбатӣ ба нафъи мардум ва рушди кишвар ба поён мерасад.

Вакилон мегӯянд, бар асоси лоиҳаи нави буҷет, маоши кормандони буҷавӣ ва нафақаи бознишастагон дар соли 2018 зиёд мешавад. Ба ин хотир дар тарҳи буҷет маблағи изофӣ пешбинӣ шудааст.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар буҷети соли оянда барои индексатсия ва ё боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG