Ҳазорҳо нафар дар Эрон шаби дуюмро дар хаймаҳои худсохт, дар зери осмони боз рӯз карданд ва мақомоти кишвар низ умеди худро ба зинда ёфтани мардум зери овори заминларзаи неруманд, ки садҳо нафарро қурбон кард, аз даст медиҳанд.
Вазни заминларзаро вилояти Кирмоншоҳи Эрон бештар эҳсос кард ва матбуоти кишвар мегӯяд, ки дар заминҷумбии рӯзи 12 ноябр дар кишвар дастикам 430 нафар кушта ва 7000 ҳазор одам осеби ҷисмонӣ диданд.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 14 ноябр ба Кирмоншоҳ сафар кард ва қавл дод, ки ҳукумат барои ҳалли оҷили мушкилоти мардум аз тамои нерӯи худ истифода хоҳад кард.
Заминларза дар он сӯи марзи Эрон, дар манотиқи камаҳолии шимоли Ироқ низ хисороти ҷонӣ ба бор овард. Мақомти Ироқ мегӯянд, ки дар манотиқи курднишин ҳафт нафар кушта ва 530 нафар захм бардошт.
Заминларза бо иқтидори 7,3 бал, марказаш дар 32 километрии ҷанубу ғарби Ҳалабҷо, шимолу шарқи Ироқ, рӯзи 12 ноябр соати 9:48 дақиқаи шом ба вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ паваста, мавҷи он ҳамчунин дар Туркия, Исроил ва Кувайт эҳсос шуд.