Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзонаи Хуршед: Консерт бомуваффақият баргузор шуд


Соли 2015 Фарзонаву ҳамсараш Фаридун барандаи ҷоизаи "Tamoshow Music Awards" дар Душанбе шуданд
Соли 2015 Фарзонаву ҳамсараш Фаридун барандаи ҷоизаи "Tamoshow Music Awards" дар Душанбе шуданд

Овозхони тоҷик Фарзонаи Хуршед, ки 14 ноябр ба баргузории рӯзи дуввуми консерти ҳунарии худ дар Душанбе омода мешавад, гуфт, ки аз барномаи ҳунарии рӯзи пеш розӣ аст. Вай гуфт, барномаи ҳунарии ӯ тахминан 2,5 соат идома кард ва дар ин барнома таронаҳои наву пешинаш ба ҳаводорон муаррифӣ шуд. Дар баробари ӯ дар ин консерт инчунин ҳамсараш Фаридуни Хуршед, хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё ва модараш Сурайё Қосимова ҳунарнамоӣ карданд.

Баргузории консерти ҳунарии Фарзонаи Хуршед дар Душанбе рӯзҳои 13 то 15-уми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барпо мешавад. Ва баъди ин хоҳарони овозхон барои ширкат дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards" ба Ҳамбурги Олмон мераванд, ки рӯзи 17 ноябр баргузор мешавад. Комрону Ҳуман, Ориёно Саид, Сапеда, Ҳайфа, Тоҳи, Андреа, Қайс Улфат ва дигар овозхонҳои маъруфи шарқ аз иштирокдорони ин маросим хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG