Пайвандҳои дастрасӣ

Курдҳо занону кӯдакони чеченро ба Русия доданд


Кӯдаки бемакони Сурия

Курдҳо дар шимоли Сурия рӯзи якшанбе занҳои чечен ва кӯдаконро, ки баъди шикасти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Раққа ёфт шуданд, ба ҷониби Русия таслим карданд. Дар ин бора хабарнигори Франс Пресс гузориш дод.

"Мо оилаҳои "Давлати Исломӣ"-ро расман ба Русия супурдем",- гуфт Нурӣ Маҳмуд - сухангӯи нерӯҳои курд дар Қамишлӣ, вилояти шимолу шарқи Хасакеҳ. Ба гуфтаи Абдул Карим Амр, намояндаи мақомоти курд дар ин минтақа, ки бо хабарнигори Франс Пресс сӯҳбат кард, онҳо ҳамон шаҳрвандони Русияро таслим карданд, ки "дасташон ба хуни суриягиҳо олӯда набуд." Ба гуфтаи Амр, 13 зан ва 29 кӯдак ба мақомоти Русия супурда шуд.

Сарбозони курд ва арабҳои Иттиҳоди Нерӯҳои Демократии Сурия, ки Амрико аз онҳо пуштибонӣ мекунад, рӯзи 16 октябр аз ишғоли комили шаҳри Раққа - "пойтахт"-и ДИИШ дар шимоли Сурия хабар доданд.

Баъди бурӯзи гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 ва ишғоли қаламравҳои умда дар Сурияву Ироқ, ин гурӯҳ "хилофат" таъсис дод ва тавонист ҳазорҳо хориҷӣ, бо шумули чеченҳоро ба сафи худ ҷалб кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG