Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон воридоти ғизои истеҳсоли Қирғизистонро манъ кард


Қазоқистон "ба далели вайрон кардани талаботи техникӣ" воридот ва фурӯши маҳсулоти ғизоии чанд ширкати Қирғизистонро манъ кард. Дар ин бора рӯзи 11 ноябр сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Жандарбек Бекшин изҳорот дод.

"Истеҳсолгароне амсоли "Оқ-Сут" пайваста талаботро вайрон мекунанд. Мо воридоти маҳсулоти ширии онҳоро манъ кардем. Ҳамчунин маҳсулоти ширкати қаннодии "Куликовский" маҳдуд шуд, зеро он ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба ҷуз инҳо, маҳсулоти панири ҳолландии соҳибкор Эмил низ манъ гардидааст", - гуфт Бекшин.

Хабаргузориҳо менависанд, Жандарбек Бекшин гуфт, сифати маҳсулоти Қирғизистон дар ҳоли бадшавист. Бекшин хабар дод, агар дар соли гузашта 4 дарсади маҳсулоти Қирғизистон ба талабот ҷавобгӯ набуд, пас соли ҷорӣ 10 дарсади маҳсулоти ин кишвар ҷавобгӯи талабот нест.

Ба иттилои вазорати кишоварзии Қазоқистон, аз 21 то 28 октябр ба бештар аз 100 тонна маҳсулоти Қирғизистон иҷозаи вуруд надодаанд. Сар аз 10 октбяр Қазоқистон назорати марзиро дар гузаргоҳҳояш бо Қирғизистон шадид кард. Остона ин амалро мубориза бо маҳсулоти қочоқӣ меномад, аммо Бишкек бовар дорад, ки ҷониби Қазоқистон монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

10 ноябр муроҷиати Бишкекро дар робита ба вазъи марзаш дар ҷаласаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Женева баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG