Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони боздоштшудаи узбак бе иҷозати ФСБ наметавонанд ба ватан баргарданд


Муҳоҷирони узбак, ки дар Маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Самара қарор доранд, мегӯянд, бидуни иҷозати Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ наметавонанд ин кишварро тарк кунанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳоҷироне, ки аз санҷиши мақомоти махсуси Русия мегузаранд, аз ҳисоби худ ба ватан хоҳанд баргашт.

Як муҳоҷири 22-солаи узбак бо номи Дурбек, ки моҳи дувум аст дар яке аз марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Самара қарор дорад, мегӯяд, мақомоти махсуси Русия ба ӯ иҷозат намедиҳанд, то ба Узбакистон баргардад.

"Кормандони ФСБ 10 октябр маро ҳамроҳи як дӯстам боздошт карда, ба шуъба бурданд. Моро дар нақзи қонуни муҳоҷирати Русия айбдор карда, хостанд, санадҳоеро имзо кунем ва давоми даҳ рӯз бояд Русияро тарк мекардем. Вале баъди имзои санадҳо ба дастамон завлона зада, ба шаҳри Толятӣ бурданд. Як моҳ пеш онҳо билетҳоеро, ки аз ҳисоби худ харида будем бекор карданд ва гуфтанд, ки ФСБ барои бозгашти шумо ба ватан иҷозат намедиҳад ва ҳатто шарҳ ҳам надоданд, ки мо чӣ гуноҳ дорем", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Дурбек, чанд рӯз пеш 35 шаҳрванди Узбакистонро аз маркази мазкур озод карда, ба марзи Русияву Қазоқистон фиристоданд, аммо ба ӯ иҷозат надодаанд, ки ҳамроҳи онҳо ба ватан баргардад.

Пештар ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки барои марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ маблағ ҷудо кунад. Ба гуфтаи омбудсмени рус, раванди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ба ватан ба далели норасоии маблағ хеле тӯл мекашад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG