Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп дар санҷиши дахолати Русия ба мақомоти махсуси ИМА бовар дорад


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, дар санҷиши парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли гузаштаи Амрико ба мақомоти махсуси кишвараш бовар дорад. Ин нуктаро Трамп 12 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ҳаной баён дошт.

Ин посухи Трамп ба суоли рӯзноманигороне буд, ки хостанд, изҳори боварияшро ба президенти Русия Владимир Путин шарҳ диҳад. Трамп ахиран гуфт, ба суханҳои ҳамтои русаш, ки мегӯяд, Кремл дар интихоботи президентии Амрико дахолат накардааст, бовар дорад.

Пештар Трамп дар Твиттер мулоқоташро бо Путин дар доираи ҳамоиши Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки "дар робита ба Сурия баҳси хубе" анҷом додаанд. Президенти ИМА ҳамчунин афзуд, ки дар ҳалли буҳрони Куриёи Шимолӣ ба мусоидати Чину Русия умед мебандад.

Ба ҷуз ин, изҳори умед кард, ки Русия дар ҳалли буҳронҳои Сурия ва Украина низ кумаки ҷиддӣ хоҳад расонд.

Президентҳои ИМА ва Русия дар ҳошияи ҳамоиши кишварҳои узви Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором дар Ветнам вохӯрданд. Ҷонибҳо роҷеъ ба Сурия изҳороти муштаракеро ҳамоҳанг карда, созиш карданд, ки мубориза бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ"-ро то охир идома хоҳанд дод. Мулоқоти расмии раҳбарон ба далели камбуди вақт сурат нагирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG