Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ҳамкорӣ бо Русия "чизи хуб" аст


Доналд Трамп бо Путин дар Ҳаной гуфтӯгуи кутоҳе дошт.
Доналд Трамп бо Путин дар Ҳаной гуфтӯгуи кутоҳе дошт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар силсилаи паёмҳояш дар Твиттер гуфт, робитаи дуруст бо Русия “чизи хуб аст” ва Маскав метавонад, дар ҳалли бӯҳрони Украина, Куриёи Шимолӣ, Сурия ва терроризми ҷаҳонӣ “кӯмаки бузург” кунад.

Доналд Трамп, ки дар шаҳри Ҳаной пойтахти Ветнам, сӯҳбат мекард, рӯзи 11-уми ноябр баъди паёмҳояш дар Твиттер масъалаи таҳримот ба зидди Русияро бардошт ва гуфт, ки “Маскав зери таҳримоти шадид” қарор дорад ва ҳоло фурсати он расидааст, ки “ба муолиҷаи ҷаҳони шикаста ва порашуда баргардем”.

Амрико барои дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар дар соли 2016 ва аз он пештар барои ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ба зидди Русия таҳримот эъмол кардааст. Доналд Трамп дар бораи таҳримот дигар чизе нагуфт.

Раиси ҷумҳури Амрико бо шарҳи баёнияҳои қаблиаш дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрико гуфт, ки ба арзёбиҳои хадамоти иттилоотии кишвараш бовар дорад, вале ба эътиқоди ӯ раиси ҷумҳур Владимир Путин самимона гуфтааст, ки ба интихобот дахолат накардаанд. Доналд Трамп, дар паёме дар Твиттер ҳамаи “бадбинҳо ва нодонҳое”-ро танқид кард, ки ба қавли ӯ мухолифи муносиботи беҳтар бо Русия ва бахусус Владимир Путин ҳастанд.

XS
SM
MD
LG