Пайвандҳои дастрасӣ

Қарори ҳабси Исмоилов, молики пешини бозори "Черкиз" дар ғайбаш


Телман Исмоилов

Телман Исмоилов, тоҷири рус ва молики собиқи бозори "Черкиз", бо иттиҳоми ташкили ду куштор дар ғайбаш ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба қавли вакили дифои ӯ Марина Русакова иттилоъ дод.

Русакова гуфт, ки гап дар бораи куштори молики марказҳои тиҷоратӣ Владимир Савкин ва муассиси “Люблино моторс” Юрий Брилев дар моҳи майи соли гузашта меравад. Дар пайванд ба ин кушторҳо Рафиқ Исмоилов, бародари Телман Исмоилов боздошт шудааст.

Марина Русакова ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояташ пойфишорӣ дорад. Шикояти ӯ аз болои қарори додгоҳ рӯзи 15-уми ноябр баррасӣ хоҳад шуд.

Мақомоти интизомии Русия моҳи сентябри имсол манзили Телман Исмоиловро кофтукоб карданд. Хабаргузории “Интерфакс” навишт, ки ин тасмим дақиқан ба парвандаи қатли Брилев ва Савкин иртибот дошт.

Муассиси гурӯҳи АСТ Телман Исмоилов ба унвони молики собиқи бозори "Черкиз"-и шаҳри Маскав маъруф аст. Ин бозор соли 2009 баста шуд. Тоҷири шинохтаро соли 2015 банкрот ё муфлис эълон карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG