Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моғеринӣ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон дар Самарқанд ҳимоят кард


Моғеринӣ дар Теҳрон
Моғеринӣ дар Теҳрон

Иттиҳоди Аврпуо назорат хоҳад кард, ки татбиқи созиши ҳастаии байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон " чун пештара, аз тарафи ҳамаи иштирокдорон, бо тамоми бандҳояш пурра иҷро шавад",- гуфт Федерика Моғеринӣ раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврпуо.

Моғеринӣ рӯзи 10 ноябр ҳангоми сӯҳбат дар нишасти матбуотии Самарқанд ин созишро "дастовариди муҳими Аврпуо ва дипломатияи байнамилалии бисёрҷониба унвон кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп моҳи гузашта иҷро шудани қарордоди ҳастаии соли 2015 аз ҷониби Эронро тасдиқ накард, дар ҳоле, ки нозирони байнамилалӣ тааҳуди Теҳронро дар баробари ин санад таъид карданд, Трамп ҳамчунин Эронро ба хароб кардани рӯҳияи созиш муттаҳам намуд.

Авоили ҳафтаи равон Моғеринӣ дар Вашингтон гуфт, қонунгузорони ИМА аломат доданд, ки Амрико созишро риоя хоҳад кард. Бар пояи қарордоди соли 2015 Эрон тааҳуд кард, ки дар ивази нармиши таҳримҳои байналмилалӣ аз барномаҳои ҳастаиаш даст мекашад.

XS
SM
MD
LG