Пайвандҳои дастрасӣ

WSJ: Амрико истиқрори 20 ҳазор сарбоз дар Донбассро пешниҳод кард


Авзо дар манотиқи даргириҳои Донбас. Тирамоҳи соли 2017

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико барномаи истиқрори 20 ҳазор сарбози нерӯҳои байналмилалӣ дар манотиқи низои Шарқи Украинаро ба Русия пешниҳод хоҳад кард. Дар ин бора манобеи мӯътамад ба нашрияи The Wall Street Jourmnal маълумот додаанд. Нашрия рӯзи 9 ноябр навишт, ки ин барнома базудӣ дар ихтиёри Русия қарор мегирад. Ба навиштаи нашрия, барнома аз тарафи як қатор давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Олмону Фаронса пуштибонӣ ёфтааст.

Дар бораи мавҷудияти чунин як тарҳ расман чизе гуфта нашудааст. Амрико аз интиқоли нерӯҳои посдори сулҳ ба Донбасс, бо шумули қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабони русгаро ва қаламравҳои беназорати марзи Русияву Украина, пуштибонӣ мекунад.

Кремл низ зоҳиран миссияи сарбозони посдори сулҳро қабул дорад, аммо пофишорӣ мекунад, ки онҳо танҳо дар хати бархурди нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабон ҷойгир шаванд. Интизор меравад, ки формати ин маъмурият дар мулоқоти Курт Волкер - намояндаи вежаи ИМА ва Владислав Сурков- намояндаи Русия баррасӣ шавад.

Рӯзи гузашта ҳамчунин аз талошҳои дипломатии Канада, ҷиҳати фиристодани нерӯҳои посдори сулҳ ба Украина, хабар пахш шуд. Вазири умури хориҷии Канада Ҳристя Фриланд гуфт, ки ин масъаларо бо Рекс Тиллерсон, Котиби давлатии ИМА ва раҳбарони дигар матраҳ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG