Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Задорнов дар синни 69-солагӣ даргузашт


Задорнов дар фестивали синамои Маскав
Задорнов дар фестивали синамои Маскав

Танзнависи шинохтаи рус Михаил Задорнов дар синни 69-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора нашрияи "Известия" рӯзи 10-уми ноябр хабар дод, аммо ҷузъиёти зиёд ироа накард.

Хабари марги Задорновро ровии барномаи "Аншлаг" Регина Дубовитская ба хабаргузории "Москва" таъйид кард. Пештар маълум шуда буд, ки ситораи танз аз бемории саратон ранҷ мебарад ва ӯро соли 2016 дар Олмон ҷарроҳӣ карданд.

Михаил Задорнов соли 1948 дар Латвия ба дунё омад. Ӯ дар тӯли ҳаёташ беш аз 10 китоб навишта, дар барномаҳои танзомези телевизиони Шӯравӣ ва Русия иштирок кардааст. Ӯ ҷоизаи "Золотой теленок" ва ҷоми Аркадий Райкинро ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG