Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кор рафтани дипломатҳо дар ИМА бештар шудааст


Департаменти давлатии Амрико
Департаменти давлатии Амрико

Дар Департаменти давлатии ИМА шумори онҳое, ки ихтиёран аз хадамоти дипломатӣ хориҷ мешаванд бештар шудааст. Шабакаи телевизионии Би-Би-Си рӯзи 9 нобяр гуфт, ки аз моҳи январ ба ин тараф 60 дар сади сафирони ҳирфӣ аз хадамоти дипломатӣ истеъфо додаанд. Дар ин бора Барбара Стивенсон - раҳбари Созмони амрикоии хадамоти дипломатӣ - ASFA маълумот додааст. Ба гуфти Стивенсон, "сафи раҳбарон бо суръати бисёр баланд коҳиш меёбад". Стивенсон, ки дар гузашта сафири ИМА дар Панама буд, гуфт, ки "дар ҳоли ҳозир бахши боистеъдоди хадамоти дипломатии Амрико бесар шудааст".

ASFA соли 1924 таъсис ёфта, вазифаи иттифоқи касабаи кормандони дипломатӣ дар Департаменти давлатии ИМА-ро иҷро мекунад.

"Коҳиши босуръати кормандони саршинос ба тавоноии ИМА барои тасиргузорӣ ба таҳаввулоти ҷаҳон асар мегузорад",- мегӯяд Барбара Стивенсон. Ӯ нигаронии худро дар як мақола баён кардааст, ки моҳи декабр дар маҷаллаи Foreign Service Journal нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG