Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар ду сол 30 нафари дорои душаҳрвандиро боздошт кард


Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дар ду соли ахир дастикам 30 нафарро, ки тобеияти дугона доштанд, асосан бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 9 ноябр бо такя ба ҳуқуқдонҳо, дипломатҳо ва наздикони боздоштшудаҳо гузориш дод. Ин рақам аз он чӣ матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ то ҳол хабар дода буд, ду баробар бештар аст.

Теъдоди боздоштҳо соли 2015 дар ҳоле башиддат боло рафт, ки созиши ҳастаии Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ умедвориеро барои нармиш бо Ғарб ба вуҷуд овард. Чанд сол пеш аз ин теъдоди эрониҳои дорои душаҳрвандӣ чашмгир набуд. Ин таҳаввулот, ҳамчунин ба густариши як тамоюли ҷадид ишора мекунад, зеро 18 нафар аз ҷамъи 30 боздоштшуда шаҳрвандони кишварҳои Аврупо буданд, дар ҳоле аксари маҳкумшудаҳо дар гузашта шиносномаи амрикоӣ доштанд.

Хонавода ва вакилони боздоштшудаҳо мегӯянд, ки Сипоҳи посдорони инқилоб онҳоро ҳамчун мӯҳраи бозӣ дар равобити байналмилалӣ ва фишор ба ширкатҳои аврупоӣ истифода мекунад, ки баъди созиши ҳастаӣ ва нармиши таҳримҳо тиҷоратро бо Эрон оғоз кардаанд.

Сипоҳи посдорони инқилоб аз салоҳиятҳои густарда ва манфиатҳои тиҷоратӣ бархурдор буда, аз қудратмандтарин нерӯи ҳифзи тартибот ба шумор меояд. Ин ниҳод ҳукуматро барои ҳамкориаш бо ширкатҳои хориҷӣ интиқод мекунад.

XS
SM
MD
LG