Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NASA ва Uber таксиҳои парвозиро ба роҳ мемонанд


Таксии парвозӣ дар Дубай. 25 сентябри соли 2017
Таксии парвозӣ дар Дубай. 25 сентябри соли 2017

Оҷонсии кайҳоншиносии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва хадамоти таксии Uber барои ҳамкорӣ дар тарҳи таксии парвозии Uber Elevate қарордод имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 8 ноябр гузориш дод.

NASA ҳаракати таксиҳои Uber Elevate -ро дар фазои шаҳрҳо танзим мекунад, то ба кори фурӯдгоҳҳо халал нарасонанд. Uber тавлиди ин таксиҳоро мутақилона ба роҳ намемонад. Дар Uber мегӯяд, ки зербиноро дар ҳамкорӣ бо як ширкати тавлидкунандаи таҷҳизоти ҳавонавардӣ бунёд мекунанд.

Озмоиши Uber Elevate соли 2020 шурӯъ мешавад. Оғози хадамоти таксии парвозӣ ба соли 2028, замони баргузории бозиҳои Олимпӣ дар Лос-Анҷелес барномарезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG