Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи президент Раҳмон


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои баргузории ҳамоишҳо зери номи “Эмомалӣ Раҳмон-Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон” дар 16-уми ноябр қарори вижа содир кардааст. Як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамоиш дар мактабҳои миёнаву олӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “дар ин ҳамоиш аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, нақши ӯ дар сулҳу субот дар кишвар таъкид мешавад ва донишмандон назди ҷавонон аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ шахсияти президенти кишварро шарҳ медиҳанд”.

Дар қарори шаҳрдорӣ аз рӯзи 8-уми ноябр омадааст, ки барои баргузории ҳамоиш “аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба миқдори 3790 сомонӣ маблағ ҷудо шавад”.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон аввали соли равон шаҳрдори Душанбе таъин шуд ва бори аввал аст, ки барои баргузории як ҳамоиш дар мавриди падараш қарор имзо мекунад. Рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, раиси дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ интихоб шуд ва аз он замон то кунун кишварро раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG