Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба манъи гузоштани ҳайкали Ислом Каримов дар Маскав


Дар сомонаи Change.org аризае таҳти номи "Зидди гузоштани пайкара барои президенти Узбакистон Ислом Каримов дар Москва" нашр шуд. Ташаббускори ин иқдом, узви ҳизби ЛПДР Георгий Городетский мегӯяд, дар пойтахти Русия пайкараи "русбадбин ва диктатор" Ислом Каримов гузошта нахоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, вай бар ин назар аст, Русия бояд барои "узбакҳои бефарҳанг, ки бо русӣ навиштаву хонда наметавонанд, виза ҷорӣ кунад". Аз ин ариза бештар аз 6 ҳазор нафар ҷонибдорӣ кардааст.

1 ноябри соли 2016 раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар бораи гузоштани пайкараи Ислом Каримов дастур дод. Пайкара бояд то 31 декабри соли 2019 дар наздикии сафорати Узбакистон дар Маскав гузошта шавад.

Маблағи харҷи сохтани пайкараро дар ҳаҷми 35 миллион рубл ҷониби Узбакистон ба зима гирифта, аммо корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии атрофи пайкара аз ҳисоби буҷаи Маскав амалӣ мешавад.

Бино бар иттилои мақомоти муҳоҷирати Русия, бештар аз 1 миллион 700 ҳазор узбак дар Русия ба ҳайси муҳоҷир ҳузур доранд ва бештар аз 200 ҳазори дигар ба таври доимӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG