Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ ба Арабистон гуфт, таҳдидаш беҳосил аст


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ба кишвараш таҳдид накунад, зеро аз он ҳеҷ чизе ҳосил намешавад. Ӯ гуфт, ки “Шумо қудрат ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломиро медонед.”

Рӯҳонӣ ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Теҳрон бо ишора ба Арабистони Саудӣ гуфт, “Аз шумо бузургтарҳо омаданд ва шохашон шикаста шуд, шумо ки чизе нестед. Амрико омад ва натавонист, ки коре бикунад. Азноби Амрико ҳама ҷамъ шуданд, натавонистанд."

Эрон ва Арабистони Саудӣ дар муноқишаҳои гуногун дар Ховари Миёна аз ҷумла дар Яману Сурия тарафҳои мухолифро ҳимоят мекунанд. Рӯҳонӣ зимни суханронӣ хостори амнияту сулҳ субот ва пешрафт дар Ховари Миёна шуд.

Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо шӯришиёни ҳусӣ дар Яман робита дорад ва ба онҳову нерӯҳои Сурия аслиҳа мефиристад. Ҳасан Рӯҳонӣ Амрикову Исроилро ба он муттаҳам кард, ки ба хотири манофеи худ дар минтақа ихтилоф бармеангезанд.

XS
SM
MD
LG