Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз Куриёи Шимолӣ хост, таҳдидро бас кунад

Republic of Korea -- US President Donald Trump (C) addresses the National Assembly in Seoul on November 8, 2017. Trump's marathon Asia tour moves to South Korea, another key ally in the struggle with nuclear-armed North Korea, but one with deep reservatio

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико боздид аз Чинро шурӯъ кард ва қарор аст, дар мулоқотҳояш бештар ба масъалаи баландпарвозиҳои атомии Куриёи Шимолӣ таммаркуз кунад.

Доналд Трамп рӯзи 8-уми ноябр аз Куриёи Ҷанубӣ ба Пекин ворид шуд. Ӯ дар он Сеул ба Куриёи Шимолӣ ҳушдори қотеонае дод ва гуфт, ки азми Амрикоро имтиҳон накунад.

Ӯ гуфт: "Мо иҷоза намедиҳем, ки ба Амрикову муттаҳидонаш таҳдид ва ё ҳамла кунанд. Мо намегузорем, бигӯянд, ки шаҳрҳои Амрикоро нобуд мекунем. Мо наметарсем. Мо намегузорем, ки бадтарин ҷиноятҳои таърих дар инҷо такрор шавад, дар ҷое, ки барои амнияти он ҷангида ва ҷон бохтаем."

Доналд Трамп ҳамчунин зимни суханронӣ дар порлумони Куриёи Ҷанубӣ, гуфт, ки бомбаи атомӣ раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Йонг Унро аз хатар эмин намедорад, балки режими ӯро зери хатари азим мегузорад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар кишварҳои осиёӣ сафари 12 рӯзае анҷом медиҳад ва бо худ ҳайати азими тоҷирони амрикоиро ба Чин овардааст. Бо вуруди ӯ ба Чин байни ширкатҳои амрикоӣ ва Чин 19 қарордод бо арзиши 9 миллиард доллар имзо карданд.

XS
SM
MD
LG