Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА судури раводид ба шаҳрвандони Туркияро азсар гирифт


Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдрим дар назди мавзолеи Мустафо Камол Отатурк
Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдрим дар назди мавзолеи Мустафо Камол Отатурк

Наухсвазири Туркия Бинолӣ Йилдирим аз азсаргирии судури раводиди ИМА ба шаҳрвандони кишварашро гоми мусбат арзёбӣ кард, аммо гуфт, Вашингтон Фатҳулло Гюленро, ки дар табаддулоти нокоми соли 2016 даст дорад, бояд истирдод кунад.

Йилдирим дар ин бора рӯзи гузашта, дар остонаи сафарш ба Вашингтон изҳори назар кард. Қарор аст, ӯ дар ҷараёни ин сафар бо муовини президенти ИМА Майкл Пенс дидор ва гуфтугӯ кунад.

ИМА рӯзи душанбе хабар дод, ки баъди дарёфти кафолати амнияти ҳайати дипломатияш судри раводид ба шаҳрвандони Туркияро азсар гирифт. Намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Туркия ба далели боздошти ду корманди маҳаллии худ аз моҳи гузашта додани раводид ба шаҳрвандони ин кишварро қатъ карданд.

Тарҷумони консулгарии ИМА дар вилояти Адана моҳи май ва корманди маъмурияти ИМА дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир чанде пеш дар шаҳри Истамбул боздошт шуданд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ҳар дуи онҳо дар табаддулоти нокоми соли 2016 даст доранд.

Сафорати ИМА дар Анқара гуфт, ин иддао асос надорад. Анқара аз ин норозӣ аст, ки мақомоти ИМА Гюленро ба Туркия истирдод намекунанд. Гюлен аз соли 1999 ба ин тараф дар Пенсилвания зиндагӣ мекунад. Намояндагони ИМА мегӯянд, барои истирдоди руҳонии турк далели кофӣ ироа нашудааст.

XS
SM
MD
LG