Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабдорони қазоқ аз ширкатҳои офшории худ "рӯ тофтанд". ВИДЕО


Бейбит Атамқулов

Вазири мудофиа ва саноати ҳавонавардии Қазоқистон Бейбит Атамқулов ва раиси шӯрои ширкати давлатии истихроҷи гази "КазМунайГаз" Сауат Минбоев ба гузориши "Авроқи биҳиштӣ", ки мегӯяд, ин мақомдорон аз чанд сохтори офшорӣ бе пардохти андоз баҳра мегиранд, вокуниш нишон доданд.

Офшорҳои Атамқулов ва Минбоевро Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажуҳишгар (International Consortium of Investigative Journalists, ICIJ) пайдо кард. Ба навиштаи рӯзноманигорон Атамқулов бо бародараш дар Малта ҳанӯз соли 1998 ширкати Centraz Finance Ltd-ро таъсис додаанд. Ин ширкат ҳоло ҳам фаъолият мекунад ва ба истеҳсол ва фурӯши шароб машғул аст.

Атамқулов мегӯяд, Centraz Finance Ltd дар воқеъ соли 1998 таъсис шудааст. "Мо ба Қазоқистон сармояи хориҷӣ ҷалб мекардем. Аммо ба далели буҳрони молӣ дар Русия ва беқурбшавии танга, ширкатро бастем", - гуфт Атамқлов ва афзӯд, ки ӯ аз ҳайати муассисон пеш аз он ки вориди фаъолиятҳои давлатӣ шавад, хориҷ гардидааст.​

Сауат Минбоев саҳҳоми ширкати Meridian Capital Ltd будааст, ки дар ҷазираҳои Бермуд сабти ном шудааст аст. Пажуҳишгарони ICIJ тасдиқ мекунанд, ки тавассути ин офшор Минбоев ба корхонаи куҳканӣ, бахши истихроҷи тило, инчунин ширкатҳои нафт сармоягузорӣ кардааст. Ҳоло чанд фурудгоҳ дар Русия ва Қазоқистон ба Meridian Capital тааллуқ дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки Meridian солҳои 2002-2003 сабти ном шуда, маҳз он замон Минбоев муваққатан аз вазифаҳои давлатӣ канор рафта буд. Минбоев дар посух мегӯяд, ҳоло "суратҳисоби офшорӣ надорад" ва бо Meridian низ робитае надорад. Ӯ иддао кард, ки саҳмашро соли 2003 ба шахси севум додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG