Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи


Набимуҳаммад Хоркашев.
Набимуҳаммад Хоркашев.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 10-12 ноябр дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 к), Фирдавс Насимов (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+ 100 кг) дохиланд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкати ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 90 кишвар дар назар аст. Барои аввалин бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ гуштигирони 7 кишвар: Чин, Ҳонконг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д'Ивуар иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда буд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни зери 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Вале панҷ варзишгари дигари тоҷик - Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Мустафо Ҳасанов (-68 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) - бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон

10-12 ноябр, Сочи, Русия

10 ноябр (ҷумъа)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 48, 60, 72 кг; мардон: 52, 68, 90 кг; самбои размӣ: 57, 74, 100 кг.

21.00 – Маросими кушоиши мусобиқот. Финал ва маросими ҷоизасупорӣ

11 ноябр (шанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 52, 64, 80 кг; мардон: 57, 74, 100 кг; самбои размӣ: 62, 82, +100 кг.

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ.

12 ноябр (якшанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 56, 68, +80 кг; мардон: 62, 82, +100 кг; самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ. Маросими пӯшидашавии мусобиқот.

Эзоҳ: замони оғози рақобатҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG