Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" хатсайри Душанбе-Сургутро боз мекунад


Фурудгоҳи Новосибирск реҷаи парвозҳо ба Тоҷикистон тавассути ширкати "Тоҷик Эйр"-ро намоиш медиҳад
Фурудгоҳи Новосибирск реҷаи парвозҳо ба Тоҷикистон тавассути ширкати "Тоҷик Эйр"-ро намоиш медиҳад

Ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» гуфт, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Сургут-Душанбе оғоз мешавад. Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба - рўзҳои якшанбе тавассути ҳавопаймои навъи Боинг 737-300 сурат мегиранд.

Арзиши чипта 1856 сомонӣ ё тахминан 230 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шаҳру манотиқи Русия макони кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти ин кишвар шудааст ва бештари тоҷикистониҳо маҳз тавассути роҳҳои ҳавоӣ талош мекунанд ба нуқоти мухталифи ин кишвар бирасанд.

XS
SM
MD
LG