Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Белгия Карлес Пучдемонро аз боздошт озод кард


Белгия - наворбардоре дар беруни меҳмонхонае, ки раҳбари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон эҳтимол дар он ҷо ҳуҷра дорад.1 нобяри соли 2017
Белгия - наворбардоре дар беруни меҳмонхонае, ки раҳбари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон эҳтимол дар он ҷо ҳуҷра дорад.1 нобяри соли 2017

Додгоҳи Белгия рабҳари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон ва чаҳор шарики ӯро бо шартҳои мушаххас аз боздошт раҳо кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 6 ноябр гузориш дод.

Гуфта мешавад, ки мурофиа беш аз 10 соат идома дошт. Пучдемон ва ҳукумати пешини Каталония то баррасии дархости Испания бораи боздошти онҳо дар қаламрави Аврпуо, озод хоҳанд буд.

Хабаргузории Reuters бо такя ба манбаҳои додситонӣ мегӯяд, ки ин панҷ нафар ҳақ надоранд бе иҷозати додгоҳ аз қаламрави Белгия хориҷ шаванд. Онҳо ҳамчунин бояд дар тӯли 15 рӯз ба додгоҳ ҳозир шаванд. Ахиран раҳбари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон ва тарафдоронаш худро ба пулиси Белгия таслим карданд.

XS
SM
MD
LG