Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов дар бораи парвандаи ҷиоӣ: аз ман ҳайюло насозед


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 4 ноябр алайҳи вакили порлумони Омурбек Бабанов ва афроди дигар, аз рӯи банди қонуни ҷиноӣ - "даъвати оммавӣ ба барҳам задани сохти конститутсионӣ" ва "барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ", парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Ин парванда ба суханронии Бабанов дар мулоқот бо сокинони шаҳраки "Амир Тимур" дар шаҳри Ӯши Қирғизистон рабт мегирад, ки 28 сентябр замони таблиғоти интихоботӣ садо дода буд.

Бабанов дар вокунин ба ин иттиҳом гуфт, "имрӯз мо ҳама шоҳиди худсарии мақомоти қудратӣ шудем, ки комилан як парвандаи бофтаи сиёсӣ кушодаанд". "Ҳамаи ин сохтакорист ва ба ҳар кадоми мо ошност", - афзуд Бабанов.

"Соҳибони ҳукумат наметавонанд дарк кунанд, ки сабабгори ҳамаи мушкилот Бабанов нест. Аз он ки онҳо маро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд, ҳаёти кишвар беҳбуд намеёбад, масъалаҳо ҳал намешаванд. Нашояд дар ҳамаи бадбахтиҳо маро гунаҳкор донист, аз ман ҳайюло сохт. Ҳақиқат билохира ошкор мешавад", - мегӯяд Бабанов.

Ҷонибдорони Бабанов мегӯянд, ки ӯ ҳоло Русия буда, табобат мегирад. Бабанов кай ба Русия рафта ва оё тасмими баргаштан дорад ё на, дақиқ нест.

Дар интихоботи президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов рақиби асосии номзади ҳизби ҳоким Сооронбой Ҷеенбеков буд.

XS
SM
MD
LG