Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Малтсев дар бораи инқилоб боиси боздошти садҳо нафар шуд. ВИДЕО


Дар Русия беш аз 400 нафар бо ҷурми иштирок дар тазоҳуроти ҳаракати мамнуи "Артподготовка" боздошт шуданд. Бино ба хабарҳо, рӯзи 5 ноябр пулис дар шаҳри Маскав 376 ва дар шаҳри Санкт-Петербург 13 касро дастгир кардааст. Ҳамчунин дар шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Перм, Ростов-на-Дону, Саратов ва Омск боздоштҳо сурат гирифтаанд.

Хабаргузориҳои расмии Русия бо истинод ба манобеи худ иттилоъ доданд, ки аз баъзе боздоштшудаҳо корд ва ашёи буранда пайдо кардаанд. Аммо манобеи мустақил ин хабарро ҳанӯз тасдиқ накардаанд.

Бино ба хабарҳо, пулис дар маркази Маскав ҳатто роҳгузаронро низ дастгир кардааст. Ба дасти пулис бештар наврасоне уфтодаанд, ки бозии "Pokemon Go" мекарданд. Бино ба баъзе маълумотҳо, пулис бархе аз боздоштшудаҳоро дар доираи парвандаи терроризм ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ бозпурсӣ мекунад.

Пештар мухолифи рус ва раҳбари ҳаракати мамнуи "Артподготовка" - Вячеслав Малтсев хабар дод, ки 5 ноябр дар Русия инқилоб хоҳанд кард. Ӯ гуфт, дар ин рӯз дар саросари Русия ҳамоишҳои эътирозии оммавӣ баргузор ва ҳукуматро тағйир хоҳанд дод.

Дар пайи ин дар пойтахти Русия ҷонибдорони Малтсев дастаҷамъона боздошт шуданд ва кормандони пулис 20 макони марбут ба аъзои "Артподготовка"-ро кофтукоб карданд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ мегӯяд, фаъолони ҳаракат мехостанд, биноҳои маъмуриро оташ зада, ба пулис ҳамла кунанд.

Моҳи июли соли равон Малтсев Русияро тарк кард ва Додгоҳи кишвари Красноярск ҳаракати "Артподготовка"-и ӯро экстремистӣ эълом кард. Додгоҳи Мешанскии Маскав худи Малтсевро ғоибона ҳабс кард.

XS
SM
MD
LG