Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнаму Фарзона – намояндаҳои Тоҷикистон дар ВАМА Music Awards


Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед

Имсол Тоҷикистонро дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards" хоҳарон – Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – муаррифӣ хоҳанд кард. Ин маросим рӯзи 17-уми ноябр дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад. Комрону Ҳуман, Ориёно Саид, Сапеда, Ҳайфа, Тоҳи, Андреа, Қайс Улфат ва дигар овозхонҳои маъруфи шарқ аз иштирокдорони ин маросим хоҳанд буд.

Фарзонаи Хуршед рӯзи 4-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даъватнома барои иштирок дар ин маросимро дастрас кардааст. “Эҳтимол чаҳор рӯз дар Олмон бимонем, чун барномаҳои зиёди консертиро дар сартосари кишвар дар нақша дорем”, - гуфт ӯ. Аммо пеш аз сафар ба Олмон консерти муштараки Фарзона бо се узви хонаводааш – модараш Сурайёи Қосим, хоҳараш Шабнами Сурайё ва шавҳараш Фаридуни Хуршед аз 13 то 15-уми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар пойтахт барпо хоҳад шуд.

Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

“Дар фаъолияти эҷодӣ як муддат оромӣ ҳукмфармо буд. Акнун мехоҳам, бо ин консерт фазоро пур кунам. Як шоу-консертеро дар назар дорем, ки ҳоло дар Тоҷикистон барпо нашудааст. Консерти ман аст, аммо дар меҳмонӣ Фаридуну Шабнам ва модарам бо ман хоҳанд буд”, - афзуд ӯ.

Фарзона мегуяд, баъд аз барпо кардани ин консерт ва бозгашт аз маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards" баргузории консертҳояшро дар шаҳру навиҳии дигар идома медиҳад. Ӯ аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки ба қавле аз рӯйхати “сиёҳ” берун шуда, дубора имкони бо мухлисон рӯбарӯ тарона сароиданро пайдо кардааст. Чанд соли ахир Фарзонаву Шабнам аз ҳунарнамоӣ тариқи шабакаҳои давлатӣ маҳрум шуда, ба барномаҳои консертии давлатӣ роҳ намеёфтанд.

Аввалин консерти муштараки ин хонавода моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуда, беш аз дувоздаҳ ҳазор мухлисро дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба ҳам овард. Он замон овозхони маъруфи тоҷик Сурайёи Қосим дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо баргузории ин консерти муштарак зоҳиран ба тамоми рӯзҳои нохушии худ “хайрбод” гуфтанд. Аввалин консерти муштараки ин хонавода дар ҳоле баргузор шуда буд, ки ба гуфтаи Сурайёи Қосим оилаи ӯ дар 5 соли ахир шикасту рехти зиёдеро пушти сар кард.

Қаблан ҳам дар расми тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards" дар толори “Barcalycard Arena”-и шаҳри Ҳамбург аз Тоҷикистон се намояндаи ин хонавода – Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва шавҳараш – Фаридуни Хуршед иштирок доштанд. Дар маросими соли 2015 Фаридуни Хуршед "Беҳтарин ҳунарманди мард аз Тоҷикистон”, Фарзонаи Хуршед “Беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон” ва Шабнами Сурайё "Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон" эълон шуданд.

XS
SM
MD
LG