Пайвандҳои дастрасӣ

Бабанов: “Ҳукуматдорон фаҳмидан намехоҳанд, ки асоси мушкил ман нестам”


Омурбек Бабанов

Омурбек Бабанов, раҳбари фраксияи “Республика – Ота Ҷурт” дар порлумон ва номзади калидии мухолифин дар интихоботи президентии моҳи гузаштаи Қирғизистон, парвандаашро сохта ва талоше барои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани худ донист. Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 4-уми ноябр эълон кард, ки алайҳи Бабанов бо иттиҳоми даъвати оммавӣ барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Феълан дар куҷо будани Омурбек Бабанов маълум нест. Аммо баъзе аз гузоришҳо мегӯянд, ӯ дар Русия машғули табобат аст.

Мирсулҷон Намозалиев, мушовири Омурбек Бабанов, рӯзи шанбе як нусхаи изҳороти ӯро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он мавқеи Бабанов нисбат ба парвандаи додситонии кулл баён шудааст. Ӯ дар ин изҳорот парвандаро тарҳрезишуда ва сиёсӣ ва амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро худсарӣ номидааст.

Вай аз он таассуф хӯрдааст, ки мақомот барояш имкон надоданд, то татбиқи ислоҳотро ба охир бирасонад. “Ҳукуматдорон фаҳмидан намехоҳанд, ки асоси мушкил Бабанов нест. Аз онки онҳо маро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд, ҳаёт дар кишвар тағйир намеёбад. Мушкил ҳал намешавад. Мумкин нест, ки дар ҳамаи мушкилот ман гунаҳкор бошам. Ҳақиқат як рӯз ошкор хоҳад шуд”, - таъкид кардааст Омурбек Бабанов.

Ин вакили порлумон гуфтааст, ҳукумат на бо сиёсати хушку холӣ, балки ба ислоҳот ба фоидаи мардум машғул бошад. “Воқеъбин бошед, вагарна дар кишвар автократия сохта хоҳад шуд. Чизе, ки солҳо талош кардем, аз он дур бошем”, - хулоса кардааст ӯ.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар мулоқоти пешазинтихоботии Омурбек Бабанов дар маҳаллаи Амир Темури шаҳри Ӯш даъват барои сарнагунии сохти констититутсионӣ садо додааст. Онҳо гуфтанд, гӯё Бабанов дар мулоқот бо сокинони ин минтақа аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони узбактабор нигаронӣ карда, аз онҳо даъват намудааст, ки бо ин вазъ муросо накунанд.

Мулоқоти Омурбек Бабанов бо сокинони маҳаллаи Амир Темури шаҳри Ӯш рӯзи 28-уми сентябри имсол сурат гирифта буд.

Омурбек Бабанов, номзади калидии мухолифон, дар интихоботи моҳи гузаштаи президентӣ тақрибан 34 дарсади раъйи сокинонро ба даст овард. Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири собиқ, ки аз ҳимояти раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев бархӯрдор буд, бо тақрибан 55 дарсади овоз пирӯз шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG