Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ёздаҳрӯзаи Доналд Трамп ба Осиё аз Ҷопон сар мешавад


Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дар оғози сафари ёздаҳрӯзааш ба Осиё, рӯзи 4-уми ноябр ба Ҷопон хоҳад рафт.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Доналд Трамп дар сафараш ба Ҷопон дар мавриди як ҷабҳа ё фронти муттаҳида алайҳи Куриёи Шимолӣ баҳс хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки танишҳо бар сари озмоиши атомӣ ва мушакии Куриёи Шимолӣ афзоиш ёфтааст.

Интизор меравад, Доналд Трамп рӯзи 5-уми ноябр дар Ҷопон бо нирӯҳои амрикоӣ ва ҷопонӣ низ суҳбат кунад. Раиси ҷумҳури Амрико пас аз сафараш ба Ҷопон аз Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Вйетнам ва Филиппин низ дидан мекунад.

Ӯ дар Вйетнам дар иҷлоси ҳамкории иқтисодии Осиё иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Қарор аст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, низ дар иҷлоси ҳамкории иқтисодӣ дар Вйетнам иштирок кунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфтааст, шояд раҳбарони Русия ва Амрико дар ҳошияи ин иҷлос бо ҳам дидор кунанд. Дар ин маврид ҷузъиёти бештаре дода нашудааст.

Доналд Трамп дар Филиппин низ дар нишасти раҳбарони кишварҳои ҷануби шарқи Осиё иштирок хоҳад кард. Ин сафари раиси ҷумҳури Амрико ба Осиё то 15-уми ноябр идома мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG