Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон парвандаи хабаргузории "Тӯрон"-ро лағв кард


Сардабири хабаргузории "Тӯрон"

Хабаргузории мустақили Озарбойҷон -"Тӯрон" мегӯяд, ки додситонҳо парвандаи зидди ин бунгоҳи хабарӣ ва раҳбари он Меҳмон Алиевро лағв карданд. Хабаргузорӣ гуфт, ки Додситони кулли кишвар рӯзи 2 ноябр ба раҳбари оҷонсӣ хабар дод, ки "Тӯрон" метавонад фаъолияташро пурра аз сар бигирад.

Ба Алиев ҳамчунин гуфтанд, ки маҳдудиятҳо лағв шуданд ва ӯ метавонад озодона ҳаракт кунад.

Раҳбари хабаргузории "Турон" Меҳмон Алиев охири моҳи август бо иттиҳоми напардохтани молиёт боздошт шуд ва 12 сентябр ба шарти берун нарафтан аз хона аз боздоштгоҳи пешакӣ берун омад. Боздошти Меҳмон Алиев ва қатъи фаъолияти хабаргузорӣ интиқодҳои шадиди зидди Озарбойҷонро ба бор овард.

Хабаргузории мустақили "Тӯрон", ки соли 1990 таъсис ёфтаааст, бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ хабар нашр мекунад.

Озарбойҷон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар имсол мақоми 162-умро ишғол кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG