Пайвандҳои дастрасӣ

Том Кент: "Ба тааҳудоти байналмилалӣ эҳтиром гузоред!" Видео


Президенти Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Том Кент

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Рӯзи байналмилалии поён додани беҷазоӣ, дар баробари ҷиноятҳои зидди хабарнигорон - 2 ноябр, бо пахши як изҳорот аз мавридҳои беҳисоби таъқиби рӯзноманигорони ширкат дар кишварҳои мухталиф гузориш дод.

"Танҳо дар соли 2017 хабарнигорони мо дар кишварҳое, ки фаъолият мекунанд - Русия, Украина, Беларус, Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Македония ва давлатҳои дигар- 34 дафъа ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ин ҳамлаҳо аз зарбаҳои ҷисмонӣ, боздошт, бозпурсӣ, ҳамлаҳои лафзӣ, ҳукмҳои додгоҳӣ, таҳдидҳои электронӣ ва мусодираи дастгоҳҳои журналистҳо иборат буд. Танҳо ба ин хотир, ки пешаи онҳо рӯзноманигорӣ аст. Дар баъзе мавридҳо ба хонаводаҳои онҳо низ зӯроварӣ сурат гирифт,"- гуфт президенти Радиои Озодӣ.

"Дар аксари мавридҳо онҳое, ки даст ба зуроварӣ заданд, беҷазо монаданд. Дар бисёр мавридҳо намояндагони ҳукуматҳо бефаъолиятӣ нишон доданд. Баръакс, хабарнигорони мо ҳамчун қонуншикан ҳадаф қарор гирифтанд".

Том Кент аз хабарнигорон ва аъзои хонаводаҳои онҳо ёдовар шуд, ки ё зиндонӣ шудаанд, ё дар ростои таҳдиди зиндон қарор доранд - "Николай Семена, ки барои фаъолияти журналистӣ дар Қрими ишғолшуда ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд, Станислам Асеев, Сапармамед Непесқулиев, Султон Очилова ва Азиз Юсупов".

"Мо ба эҳтироми меъёр ва тааҳудоти байналмилалӣ даъват мекунем, то хабарнигорон дар тамоми ҷаҳон тавонанд рисолати худро дар фазои амн ва таҳти ҳимояти қонун иҷро кунанд.. онҳо тавонанд хабарҳои муҳимро ба мардум расонанд",- гуфт Том Кент.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG