Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ҳалокати мардумро дар ҷараёни озмоиши ҳастаӣ рад кард


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун
Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун

Матбуоти Кореяи Шимолӣ хабари ҳалокати одамони зиёдро дар ҷараёни озмоиши ҳастаӣ "иттилои ғалат" номид. Шабакаи телевизонии Ҷопон - TV Asahi рӯзи сешанбе бо такя ба манобеи беном, ки бо масъала ошно аст, гуфт, ки ҳангоми озмоиш ва фурӯ рафтани ҳуҷраҳои зеризаминӣ, дар назди пойгоҳи санҷишӣ, беш аз 200 нафар ҳалок шуд. Телевизиони Кореяи Шимолӣ ин хабарро дуруғ ва тӯҳмат задан ба дастовардҳои ҳастаии Пехенян унвон кард.

Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки Кореяи Шимолӣ озмоиши навбатии мушакиро барномарезӣ кардааст. Хадамоти истихбороти Кореяи Ҷанубӣ аз афзоиши ҳаракат, аз ҷумла теъдоди зиёди нақлиёт дар минтақаи озмоишгоҳҳои Кореяи Шимолӣ ба намояндагони порлумон гузориш дод. Пхенян барномаи рушди мушакҳои ҳастаияшро, ки аз тавони парвоз ба заминҳои ИМА бархурдор бошад, пинҳон намекунад.

Аъзои кумиссиюни порлумонии истихбороти Кореяи Ҷанубӣ ба ин назаранд, ки дар пайи шашумин озмоиши қавии ҳастаӣ, эҳтимол шаҳри ғайрбии Пунгери хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG