Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳолномаи расмии Ислом Каримов як фарзанди дигар илова шуд


Петр Каримов - писари президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов
Петр Каримов - писари президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов

"Ӯ се фарзанд ва шаш набера дошт, ки суҳбат бо онҳо барояш мояи хурсандӣ буд. Ҳамсараш - Татяна Акбаровна дӯсти воқеӣ ва мунису ёвараш буд, бо Ислом Каримов 47 сол зиндагии муштарак дошт".

Ин иттилоъро акнун метавон дар ҳолномаи Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон пайдо кард. Ҳолномаи Каримов дар таҳияи сомонаи маҷмааи илмиву таълимии ба номи Ислом Каримов пахш шуд.

Пештар фарзанди сеюми Ислом Каримов дар тарҷумаи ҳоли ӯ зикр намешуд. Барои намуна, Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Узбакистон дар ҳолномаи ӯ навиштааст, ки Каримов ду духтар ва чаҳор намебра дошт.

Расонаҳо дар бораи фарзанди сеюми Ислом Каримов менависанд, ки Каримов бори аввал дар солҳои 60-ум оиладор шуд. Аз никоҳ бо Наталия Кучма ӯ як писар дорад. Писари президенти пешин Каримов Петр Исломович соли 1969 таваллуд шудааст. Ҳамсари аввали Ислом Каримов Наталя Кучма соли 2008 дар шаҳри Тошканд вафот кард. Дар ҳоли ҳозир Петр Каримов дар вилояти Москва зидагӣ мекунад".

Аммо дар ҳолномаи расмии Ислом Каримов дар бораи никоҳи аввал ва писараш чизе гуфта нашудааст. Каримов баъдтар бо Татяна хонадор шуд. Аз ин никоҳ онҳо соҳиби ду духтар - Гулномар Каримова (1972) ва Лола Каримова (1978) шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, Петр Каримов дар бонки "Азия-Инвест Банк" ба ҳайси муовини раис фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG