Дар пайи ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ, дар вилояти шимолии Саадаҳи Яман, дастикам 26 нафар кушта шуд. Дар ин бора ходимони тиб ва шоҳидон гузориш доданд.
Ҳамлаи рӯзи 1 ноябр ба ноҳияи Саҳари ин вилоят, ки бо Арабистони Саудӣ марзи муштарак дорад, меҳмонхона ва фурӯшгоҳҳоро ҳадаф қарор дод.
Эътилофи низомии таҳти сарварии Арабистони Саудӣ, ҳазорҳо ҳамларо алайҳи шӯришгарони Ҳусӣ, ки аз Саадаҳ баланд шуданд ва ҳоло бахши умдаи кишварро таҳти назорат гирифтанд, пиёда кард.
Ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ - барқарор кардани қудрати ҳукумати эътирофшудаи Яман, ҳанӯз иҷро нашудааст, аммо ин низоъ бӯҳрони башариро дар Яман бавуҷуд овард ва дастикам 10 ҳазор инсонро қурбон кард.
Арабистони Саудӣ ва шариконаш, ки дар ин маърака аз тарафи ИМА пуштибонии истихборотӣ ва моддӣ ёфтаанд, Ҳусиҳоро "силоҳ"-и душмани қадимиашон-Эрон медонанд. Ҳусиҳо ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо алайҳи таҷовузгарони хориҷӣ, бо пуштибонии Ғарб, муборизаи ватандӯстона пеш мебаранд.