Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ба таҳрим шудани раҳбарияти Толибон даъват кард


Доктор Абдуллоҳ ва Кайрат Умаров
Доктор Абдуллоҳ ва Кайрат Умаров

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки алайҳи раҳбарияти гурӯҳи Толибон таҳрим ҷорӣ кунад.

Изҳороти Абдуллоҳ рӯзи 29 октябр баъди мулоқоташ бо Кайрат Умаров, раҳбари бахши Кумитаи Таҳримҳои СММ, дар Кобул пахш шуд. Абдуллоҳ Толибонро "қотилони бешафқат" номид, ки кишварро нобуд карданд.

"Онҳо бояд террорист шинохта шавад", - гуфт Доктор Абдулло.

Абдуллоҳ бар ин назар аст, ки Кумитаи Таҳримҳои СММ бояд аз тариқи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи раҳбарияти Толибон, фаъолияти онҳоро маҳдуд ва худи онҳоро аз манбаҳои молӣ маҳрум кунад.

Ийолоти муттаҳидаи Амрико ва абарқудратҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафе, ки тавонанд Толибонро ба раванди сулҳи Афғонистон ҷалб кунанд, аз эътирофи Толибон ҳамчун гурӯҳи террористӣ худдорӣ кардаанд. Музокироти сулҳ бо Толибон борҳо ҷараён гирифт, аммо ба ҷойе нарасид.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳоле Созмони Милалро ба таҳрими Толибон даъват кард, ки рӯзи 30 октябр дар пайи як ҳамла ба постгоҳи амниятии воқеъ дар вилояти Ғазнӣ, дастикам 9 ходими пулис кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG