Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РБК: Ситоди Собчак фарзияҳои пешниҳоди номзадии ӯро баррасӣ мекунад


Ксения Собчак
Ксения Собчак

Дар ситоди ровии телевизион Ксения Собчак, фарзиҳояи пешбарии номзадии ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳур дар интихоботи соли 2018 - аз ҳизби ПАРНАС, "Ибтикори шаҳрвандӣ" ва ё худпешбарӣ матраҳ мешавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 30 октябр бо такя ба се манбаъ гузориш дод.

Ҳамсӯҳбатҳои РБК гуфтаанд, ки ҳарду ҳизб аз рӯи идеология ба Собчак наздиканд, таърихи сиёсӣ доранд ва сохторҳои тақаллубӣ нестанд.

Игор Малашенко, раҳбари ситоди интихоботии Ксения Собчак дар ин робита гуфт, ки ПАРНАС раванди ҷамъоварии имзоҳоро осон мекунад, аммо афзӯд, ки гуфтушунидҳо дар ин замина ҳоло оғоз нашудаанд. Бар поияи қонун "Дар бораи интихобот", номзаде, ки аз ҳизби берун аз порлумон довталаби курсии раёсат мешавад, бояд на камтар аз 100 000 ва номзади худпешбар на камтар аз 300 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад.

Ҳамзамон худпешбарии Собчак дар ситоди ӯ ҳамчун фарзияи воқеъбинона арзёбӣ мешавад. Стратегияи "мухолифи ҳама" барои ситод бештар писанд аст.

Ровии телевизион Ксения Собчак рӯзи 18 октябр аз иштирокаш дар интихоботи раёсати ҷумҳур, ки соли оянда баргузор мешавад, расман хабар дод. Ҳамчун номзади "мухолифи ҳама", Собчак аз мақомоти Кремлин даъват кард, ки зиндониҳои сиёсиро озод кунанд ва гуфт, ки Крим замини Украина аст.

XS
SM
MD
LG