Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи Ми-8-ро аз зери баҳр ёфтаанд


Ин чархболи Русия моҳи октябри соли 2016 дар Ямало Ненетс суқут кард ва 20 нафарро кушт.
Ин чархболи Русия моҳи октябри соли 2016 дар Ямало Ненетс суқут кард ва 20 нафарро кушт.

Хадамоти наҷоти Норвегия эълон кард, ки чархболи нопадидшудаи Русия дар силсилаҷазираҳои Свалбард дар Арктикаро дар бистари баҳр ёфтаанд ва эҳтимолан ҳамаи мусофиру халабонҳои он ҳалок шудаанд.

Чархболи МИ-8 рӯзи 26-уми октябр бо 5 халабон ва се донишманд дар наздикии Баренстбург, як маҳалли истихроҷи маъдани Русия суқут кард. Хадамоти наҷоти Норвегия гуфт, ки “Лошаи чархболи русиро дар шимолушарқи Ҳероден дар умқи 209 метр пайдо кардаанд.” Ҳеҷ яке аз афроди дохили чархболро ҳанӯз пайдо накардаанд ва ҷустӯҷӯ идома дорад.

Пештар аз ин эълон як ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия барои пайдо кардани халабонҳо ва мусофирони чархбол вориди Норвегия шуд. Ба гуфтаи мақомоти Норвегия, ҳавопаймои Ил 76, рӯзи 29-уми октябр бо 40 маъмурони наҷотбахш дар як фурудгоҳи он кишвар нишаст. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар байни онҳо 17 ғаввоси ботаҷриба аст, ки вазифаашон ҷустӯҷу дар умқи зиёд мебошад

XS
SM
MD
LG