Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси Кунарро дар Пешовар рабудаанд


Вилояти Кунар

Мақомоти Покистон мегӯянд, афроди мусаллаҳ як мақоми ҳукуматии Афғонистонро дар шаҳри Пешовар рабудаанд. Ба гуфтаи раёсати пулис, Муҳаммаднабӣ Аҳмадӣ, муовини раиси вилояти шарқии Кунарро рӯзи 28-уми октябр рабуданд.

Муҳаммадсаҷод Хон, як афсари пулиси Пешовар ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ мақоми афғонро дар маҳаллаи Дабгарӣ зӯран ба мошин андохта ва аз онҷо ғайб задаанд.

Абдулғанӣ Мусаммим, сухангӯи вилояти Кунар таъйид кард, ки муовини раиси вилоят барои муолиҷа ба Пешовар рафта буд ва онҷо ғайб задааст. Касе масъулияти одамрабоиро бар дӯш нагирифтааст.

Пешовар воқеъ дар марзи Афғонистон аз дер боз яке аз марказҳои фаъолияти ифротгароён ва гузаргоҳи қочоқбарон ба ҳисоб меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG