Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳазор сомонӣ гавҳоранбандон, 5 ҳазор сомонӣ ҷарима


Додгоҳи ноҳияи Нуробод яке аз сокинони ин ноҳияро барои баргузор кардани маъракаи “гавҳорабандони наберааш” 5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Хабаргузории расмии “Ховар” менависад, ки Мавлон Таибовро барои он ҷарима карданд, ки ӯ “бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бояд маъракаи гаҳворабандон дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда шавад, ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо додани ду таом гузаронидааст.”

Додраси ноҳия ба хабаргузории Ховар гуфтааст, ки Мавлон Таибови бекор, соҳиби даҳ фарзанд ва камбизоат будааст ва ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи зиёда аз ду ҳазор сомонӣ маъракаи гаҳворабандонро бодабдаба гузаронидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG