Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба муҳоҷирони боздоштшуда


Сафорати Тоҷикистон ба беш аз 100 шаҳрванди кишвар, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахаров нигаҳдорӣ мешуданд, шаҳодатномаи бозгашт ба ватан додааст. Онҳо тайи се моҳи ахир дар ин боздоштгоҳ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои буду бош нигаҳдорӣ мешуданд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳайат аз ҳисоби намояндагони Хадамоти консулӣ ва намояндагии Вазорати меҳнат дар деҳаи Сахаровои канори шаҳри Маскав бо ин муҳоҷирон сӯҳбат доштанд ва ҳуҷҷати бозгашт ба ватанро ба дасташон доданд.

Ӯ гуфт, “баъзе аз шаҳрвандони мо шиноснома надоранд ё мӯҳлати эътибори шиносномаҳояшон гузаштааст. Ба чунин нафарон мо шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро медиҳем. Бо ин санад онҳо ба ватан баргардонида мешаванд. Тибқи дархости масъулони боздоштгоҳи Сахарово мо ҳам шаҳодатномаи бозгашт ба ватан ва ҳам маълумотномаҳо дар бораи тасдиқи шаҳрвандиро ба онҳо супоридем.”

Баргардонии ин муҳоҷирон ба ватан аз ҳафтаи оянда оғоз мешавад.

“Депорт” ё ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки дар моҳи апрел ва марти соли равон дар Русия як маъракаи сартосарии “афв”-и муҳоҷирони тоҷик баргузор шуд. Бар пояи ин маърака, ки 100 ҳазор нафарро афв кард, имконияти ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳояшон дода шуд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз сад ҳазор муҳоҷири тоҷик бар асоси ин маърака, дубора ҳақи қонунии кор дар Русияро пайдо карданд.

Вале бо ин вуҷуд, мушкили боздошту ихроҷи шаҳрвандон бо ҷурмҳои маъмурӣ идома дорад.

Ҷаббор Одинаев, як тан аз муҳоҷирони 46-солаи тоҷик рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо сабаби як ҳафта гузаштан аз мӯҳлати патент ӯро ихроҷ мекунанд. “Мӯҳлати патентам як ҳафта гузашта буд. Пеши ҳамкоронам ҷойи кор рафтам, ки рейд шуд ва маро он ҷо дошта, ба боздоштгоҳ оварданд. Ҳафтаи оянда бояд ба Тоҷикистон баргардам”.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, чор кӯдаки ноболиғ дорад ва дар Тоҷикистон ҷойи кор надорад.

Тибқи иттилои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2016 наздик ба 45 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия баТоҷикистон ихроҷ шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 ҳазор нафар бештар будааст.

XS
SM
MD
LG