Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Толибон ба постгоҳи амниятӣ 9 кушта боқӣ гузошт


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҷангиёни Толибон ба постгоҳи амниятӣ дар ғарби вилояти Фараҳ ҳамла карданд ва 9 сарбозро кушта ба ҷой гузоштанд.

Сухангӯи ҳукумати вилоят Носир Меҳрӣ гуфт, ки ҳамла шоми 24 октябр сурат гирифт ва задухурд се соат идома кард. Барои саркуби ҷангиён аз ҳавопаймоҳои ҷангии Афғонистон истифода шуд ва 17 узви гурӯҳи Толибон ба ҳалокат расид- гуфт Меҳрӣ.

Ҷумбиши Толибон масъулияти ҳамларо бард дӯш гирифт. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки ҳукумати Афғонистон, бо пуштибонии Ғарб, талош дорад шӯришгаронро, ки баъди тақрибан хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз кишвар дубора фаъол шудаанд, саркуб кунад.

Сухангӯи вилояти Ҳирот Ҷелонӣ Фарҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 24 октябр хисоротии ҷонии зиёдро дар байни ҷангиёни толибон ба бор оварданд.

Ҳамлаи ҳавоӣ дар минтақаи Чишти Шариф дар ҳоле анҷом шуд, ки ҷангиён барои мулоқот ҷамъ шуда буданд.

Фарҳод дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти бештар надод ва Толибон низ аз шарҳи ҳамлаҳо худдорӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG