Пайвандҳои дастрасӣ

Курдистони Ироқ омодааст эълони истиқлолиятро мутавақиф кунад


Нерӯҳои Ироқ дар мавқеи қаблии ҷангиёни Курд

Намояндагони Курдистони Ироқ рӯзи 25 октябр пешниҳод карданд, ки истиқлолияти минтақаро мутавақиф кунанд ва дар пайи ҳалли бӯҳрони равобит бо Бағдод шаванд. Аммо намояндагони ҳукумати Ироқ мегӯянд, амалиёте, ки баъди талоши эълони истиқлолияти Курдистон оғоз шуд, идома хоҳад ёфт.

Дар изҳороти ҳукумати минтақавии Курдистон омадааст, ки "даргириии тарафҳо пирӯзии ягон ҷонибро таъмин намекунад ва кишварро ба нобудӣ мерасонад". Мақомоти Курдистон ба оташбаси оҷил, манъи натоиҷи назархоҳии истиқлолият ва оғози музокироти боз бо ҳукумати федеролӣ даъват карданд.

Бағдод назархоҳии истиқлолияти Курдистонро ғайриқонунӣ эълон кард ва дар посух шаҳри Каркук ва навоҳии нафтхези атрофи онро ишғол кард. Курдҳо ин минтақаҳоро аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бозпас гирифта буданд. Бағдод ба думболи назархоҳӣ тавозуни нерӯро дар шимоли кишвар таъғир дод ва ҳафтаи гузашта амалиёти ҳарбиро алайҳи курдҳо, ки дар се вилояти шимоли Ироқ зиндагӣ мекунанд, оғоз кард.

Намояндаи Бағдод бо як шарҳи кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки "амалиёт идома меёбад ва ин ба сиёсат рабт надорад". Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, ки мақомоти Курдистон бояд натиҷаи назархоҳиро ҳамчун пешшарти музокирот лағв кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG