Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз қочоқи даҳҳо бози шикорӣ ҷилавгирӣ кард


Бозҳои шикории Қазоқистон
Бозҳои шикории Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон ду шаҳрванди Қатарро дар фурудгоҳи Алмато боздошт карданд, ки зоҳиран мехостанд 29 бози шикориро аз ин кишвар берун бубаранд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 24 окятбр гуфт, ки бозҳоро кормандони Хадамоти гумрук дар 15 қуттии мутаалиқ ба ду шаҳрванди Қатар ошкор карданд. Ин ду нафар озими Доҳа, пойтахти Қатар буданд.

Бозҳоро, ки дар бисёр давлатҳо, бо шумули Қазоқстон, таҳти ҳимоят қарор доранд, дар кишварҳои Халиҷи Форс барои шикор истифода мекунанд.

Нархи як бози шикорӣ дар бозори сиёҳи Осиёи Марказӣ аз 10 то ба 15 ҳазор доллар мерасад.

Созмони байналмилалии ҳифзи табиат ин паррандаро ба рӯйхати ҳавйонҳои дар ҳоли нобудшавӣ ворид кардааст. Зеро теъдоди бозҳо бар асари бархурди онҳо бо хатҳои барқ, гарм будани бозори фурӯш ва харобшавии шароити зандагиашон рӯ ба коҳиш меорад.

Қочоқи бозҳои шикорӣ аз Қазоқистон ва Қирғизистон ба кишварҳои Халиҷи Форс солҳои 90-ум бисёр мушоҳида мешуд.

XS
SM
MD
LG