Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико низомиёни Мянмарро барои саркуби Роҳинҷа таҳрим мекунад


Навраси Роҳинҷа, ки аз Мянмар ба Бангладеш фирор кард
Навраси Роҳинҷа, ки аз Мянмар ба Бангладеш фирор кард

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки кумак ба воҳидҳои низомӣ ва афсарони Мянмар, ки дар хушунат алайҳи мусалмонҳои Роҳинҷа даст доранд, қатъ карда дар вокуниш ба зуроварӣ алайҳи ақалиятҳои Роҳинҷа тадобири бештар меандешад.

Сухангӯи Кохи сафед Ҳизер Нойерт рӯзи 23 октябр гуфт, ки тадобири фаротар таҳримҳои ҳадафмандонаро дар назар дорад, ки дар чаҳорчӯби "Қонуни Магнитский-и ИМА пиёда мешаванд.

Дар посух ба зӯроварӣ алайҳи мусалмонҳои Роҳинҷа, Департаменти давлатии Амрико ҳоло сафари низомиёни феълӣ ва собиқи Мянмар ба ИМА-ро қатъ кардааст.

Сар аз 25 август, беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зуроварии низомиёни Бирма аз маконҳои зисти худ ба Бангладеши ҳамсоя фирор карданд. Мақомоти Мянмар саркубии мусалмонҳоро рад мекунанд ва мегӯянд онҳо ба шӯришгарони Роҳинҷа муқовимат карданд.

XS
SM
MD
LG