Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фелгенгауэр дар бахши эҳёгарӣ, дар комаи сунъӣ қарор дорад


Татяна Фелгенгауэр
Татяна Фелгенгауэр

Хабарнигори радиои "Эхо Москвы" Татяна Фелгенгауэр, дар бахши эҳёгарии бемористон, дар ҳоли комаи сунъӣ қарор дорад. Дар ин бора сардабири "Эхо Москвы" Алексей Венедиктов хабар дод.

Рӯзи 23 октябр як шахси ношинос ба идораи Радиои "Эхо Москвы" ворид шуд ва Фергенгауэрро маҷруҳ кард. Табибон вазъи хабарнигорро вахим арзёбӣ мекунанд, аммо мегӯянд, ки зиндагии ӯ ба хатар мувоҷеҳ нест. Татяна Фергенгауэр то фардо дар комаи суъи боқӣ мемонад. То он вақт табибон мушаххас мекунанд, ки осебдида чигуна табобат шавад.

Кумитаи тафтишоти Русия дар заминаи хамла ба хабарнигор аз рӯи банди "иқдом ба куштор" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Биноба иттилои пешакӣ ҳамлагар 48 сола буда Борис Гритс ном дорад.

Иттиҳоди рӯзноманигорон ҳамла ба Фелгенгауэрро " ҳамла ба матбуоти озод" унвон кард.

XS
SM
MD
LG