Рӯзи 23 октябр марде ба муовини сардабири радиои "Эхо Москвы" ҳамла карда, бо корд гардани Татяна Фегенгауэрро захмӣ кард. Ин зан муҷрии барномаҳои радиоии ин шабакаи маъруф мебошад.
Худи вебсайти радио хабар медиҳад, ки ҳамлагар аз ҷониби муҳофизон боздошт ва ба полис таслим карда шуд. Табибони бемористони ба номи Склифасовский гуфтаанд, ки ба ҳаёти хабарнигор чизе таҳдид намекунад ва ӯ зери назорат аст. Ҳамкорони Татяна Фегенгауэр гуфтанд, ки ҳамлагар нахуст ба муҳофизони редаксия бо гази ашковар ҳамла карда, баъдан ба ошёнаи 14-уми ин биино роҳ ёфт ва ба гардаи Фелгенгауэр корд кашид. "Ҳама ҷо пури хун буд", гуфт раҳбари радиои "Эхо Москвы".
Полис гуфт, ки марди ҳамлагар эҳтимолан шаҳрванди як давлати хориҷӣ аст ва аз рӯи хусумати шахсӣ журналистро мавриди ҳадаф қарор додааст. Вале ҳамкорон гуфтанд, ки ҳамлагар ва журналист қаблан шинос набуданд. Тафтишот гуфтааст, ки бояд ҳолати равонии ҳамлагар ҳам санҷида шавад, чунки дар баёноти аввалияаш натавонистааст ба саволҳо мушаххас посух диҳад.
Қазияро Кумитаи тафтишотии Русия мавриди санҷиш қарор додааст.