Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон манзили сокинонро ба ходимони пулис тақдим кард


Ходимони пулиси Узбакистон дар назди театри мусиқии Муқимӣ

Дар шаҳри Тошканди Узбакистон рӯзи 22 октябр 150 нозири минтақавӣ савганди касбӣ ёд карданд. Ба ин 150 нозир ҳамон рӯз калиди манзил ва мошин тақдим шуд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ низ 150 пулиси дигар аз давлат манзил ва мошин гирифта буданд.

Бино бар иттилои вазорати корҳои дохилии Узбакистон, хонаҳои хидматӣ ва мошинҳо ба нозирон дар асоси фармони президент аз 20 апрели соли ҷорӣ, тақдим мешавад.

Дар фармон омадааст, ки мақомоти маҳаллӣ барои таъмини нозирон бо мошин ва хона фонди манзил таъсис диҳанд.

Маркази матбуотии ВКД Узбакистон хабар медиҳад, ки то охири соли ҷорӣ дар маҷмуъ 537 нозир бо хонаҳои хидматӣ таъмин хоҳанд шуд.

Моҳи июли имсол муовини сардори пулиси Тошканд Дониёр Тошхоҷаев дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аз ибтидои сол дар пойтахти Узбакистон наздики 400 ҳолати ташкили фоҳишахонаҳо ошкор ва аз ин адад "шумори камаш" ба фоида давлат мусодира шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG