Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҷунбиши миллиардер Бабиш дар интихоботи Ҷумҳурии Чех


Андрей Бабиш ҳангоми раъйдиҳӣ
Андрей Бабиш ҳангоми раъйдиҳӣ

Ҷунбиши ANO-и миллиардер Андрей Бабиш, дувумин сарватманди Ҷумҳурии Чех, дар интихоботи порлумонии ин кишвар сӣ дарсади курсиҳоро аз они худ кард. Натиҷаи ниҳоии интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Чех рӯзи 22-юми октябр эълон шуд.

Андрей Бабиш, вазири собиқи молия, мухолифи вуруди муҳоҷирон ва ҳамгироии бештари Ҷумҳурии Чех бо Иттиҳодияи Аврупост.

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот нишон медиҳад, ки ҳизби “Демократияи мардумӣ”, “Дуздони дарёӣ” ва “Озодӣ ва демократияи мустақим” дар зинаҳои дувуму севум ва чаҳорум қарор гирифтаанд.

Дар интихоботи порлумонии Ҷумҳурии Чех бисёре аз аҳзоби аслӣ ва қадимӣ бо шикаст мувоҷеҳ шуданд. Аз ҷумла, Ҳизби ҳокими сотсиал-демократ танҳо каме беш аз 7 дарсади раъйро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG