Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: вазъ дар марз бо Қазоқистон беҳбуд ёфтааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонони қазоқ сар аз субҳи 20 октябр санҷиши шаҳрвандон ва нақлиётҳои мусофирбарро зуд анҷом дода истодаанд ва навбатпоиҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳҳо мушоҳида намешавад.

Бино ба хабарҳо, дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Жол", дар наздикии Бишкек ҳудуди 20-30 мошин ва тақрибан 150 одам дар навбатанд, ки як ҳолати маъмулӣ дониста мешавад. Марзбонони қазоқ дар 10-15 дақиқа 20-25 нафарро иҷозаи гузар медиҳанд.

Дар гузаргоҳи "Оқ-Тилек", дар наздикии шаҳри Тоқмоқ ҳудуди 400 мошини боркаш бояд санҷида шаванд ва марзбонони қазоқ дар як соат 8 мошинро тафтиш мекунанд. Дар гузаргоҳҳои "Чалдибор" ва "Тоқмоқ"-и вилояти Чуй тамбаи мошинҳо мушоҳида намешавад. Дар убури марз аз Қазоқистон ба Қирғизистон мушкиле нест.

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон аз 10 октябр назорати шадиди марзӣ роҳандозӣ шуд. Ҷониби Қазоқистон дар гузаргоҳи марзии "Кордай" постгоҳи назоратии иловагиеро ташкил ва ба санҷиши мошинҳои боркаш сарбозони мусаллаҳро ҷалб кард. Дар натиҷа ҷамъшавии мошинҳо ва навбатпоии тӯлонии мусофирон ба вуҷуд омад.

Раҳбарони ҳукуматҳои Қирғизистону Қазоқистон 18 октябр ба созиш расиданд, ки сар аз 19 октябр убури шаҳрвандон ва нақлиёти мусофирбарро аз марз осон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG